Ба омӯзгорони ҷавон замин медиҳанд
Душанбе, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). — Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти хатмкунандагони риштаи омӯзгории ин тадрисгоҳ, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил менамоянд бо раиси ин ноҳия Сангинмурод Ҳакимзода баргузор гашт.
Муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои таълим Абдулфаттоҳ Раҳимов зикр намуд, ки дар шуъбаи рӯзонаи факултетҳои мухталифи Донишгоҳ 551 нафар донишҷӯён аз ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил мекунанд. Дар шӯъбаи ғоибона бошад 425 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Яъне, дар маҷмӯъ имрӯз аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 976 нафар донишҷӯён ба илмомӯзӣмашғуланд. Ҷоиз ба таъкидаст, ки тибқи квотаи президентӣ45 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз миқдори умумии донишҷӯён, 29 нафар дар хобгоҳҳои Донишгоҳ бо шароити хуби иҷтимоӣзиндагӣкарда истодаанд. Соли равон 75 нафар донишҷӯёни ин ноҳия, тариқи буҷавӣриштаи омӯзгориро хатм менамоянд. Гузашта аз ин, ягона факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳ, берун аз шаҳри Хуҷанд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият дорад, ки саҳмаш дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос муассир аст.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Сангинмурод Ҳакимзода баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар 41 макотиб ва 19 кӯдакистони ноҳи норасоии кадрҳо ба мушоҳида мерасад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои мустаҳкам намудаи базаи моддиву техникии мактабҳо кӯшиш намуда истодааст. Соли равон дар масоҳати 5 гектар, ки барои бунёди шаҳраки омӯзгорон ҷудо шудааст, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣба мутахассисони ҷавон ҷудо карда мешавад. Барои мактабҳои заминҳои ёрирасони хоҷагӣ дода мешавад.
Донишҷӯён доир ба норасоии компутерҳо, китобҳо, кабинети фаннӣдар макотиби ноҳия ва ғайра мушкилоти хешро иброз намуданд.
Дар охир ба 74 нафар донишҷӯён кӯмаки молӣрасонидашуд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






