Барқияи тасаллият дар робита ба даргузашти нависандаи машҳури ҷаҳонӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ Габриэл Гарсиа Маркес

Апрель 19, 2014 12:25

 
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз нависандаи машҳури колумбинажод Габриэл Гарсиа Маркес дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос  дар робита ба марги нависандаи машҳур дар кишвар се рӯзи мотам эълон кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти бузург —  даргузашти нависандаи машҳури ҷаҳонӣ, Лауреати мукофоти Нобел, классики адабиёти даврони мо — Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.    
Сарвари давлат қайд намуд, ки дар асарҳои нависанда ҳақиқат ва тахайюлот ба таври ҳайратангез бо ҳам омехтаанд. Онҳо гузашта, ҳозира ва ояндаро мепайванданд.
Моҳияти фалсафаи умумибашарӣ ва умумисайёравии Маркес аз он иборат аст, ки инсонро доимо бобати тақдири ӯ дар Замин, дар бораи инсондӯстӣ ва ҷавонмардӣ, ахлоқи покиза, оид ба зарурати зистан дар сулҳу иттифоқ вомедорад.       
Габриэл Гарсиа Маркес — нависандаи машҳури колумбӣ — носир, журналист, ношир ва ходими сиёсӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дар соли 1982 мебошад. Намояндаи «реализми сеҳрангез», арбоби барҷастаи Амрикои лотинӣ ва носири ҷаҳонии асри ХХ аст. Муаллифи романҳои   «Хазони умри Одамхудо» («Осень Патриарха»), «Муҳаббат ҳангоми тоун» («Любовь во время чумы») ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, «Сад соли танҳоӣ» («Сто лет одиночества»), қиссаҳои «Ба полковник касе наменависад» («Поковнику никто не пишет»), «Генерал дар лабиринти худ» («Генерал в своем лабиринте») ва бисёр асарҳои дигар мебошад.

 

Апрель 19, 2014 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст