Барқияи тасаллият дар робита ба даргузашти нависандаи машҳури ҷаҳонӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ Габриэл Гарсиа Маркес
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз нависандаи машҳури колумбинажод Габриэл Гарсиа Маркес дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос дар робита ба марги нависандаи машҳур дар кишвар се рӯзи мотам эълон кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти бузург — даргузашти нависандаи машҳури ҷаҳонӣ, Лауреати мукофоти Нобел, классики адабиёти даврони мо — Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.
Сарвари давлат қайд намуд, ки дар асарҳои нависанда ҳақиқат ва тахайюлот ба таври ҳайратангез бо ҳам омехтаанд. Онҳо гузашта, ҳозира ва ояндаро мепайванданд.
Моҳияти фалсафаи умумибашарӣ ва умумисайёравии Маркес аз он иборат аст, ки инсонро доимо бобати тақдири ӯ дар Замин, дар бораи инсондӯстӣ ва ҷавонмардӣ, ахлоқи покиза, оид ба зарурати зистан дар сулҳу иттифоқ вомедорад.
Габриэл Гарсиа Маркес — нависандаи машҳури колумбӣ — носир, журналист, ношир ва ходими сиёсӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дар соли 1982 мебошад. Намояндаи «реализми сеҳрангез», арбоби барҷастаи Амрикои лотинӣ ва носири ҷаҳонии асри ХХ аст. Муаллифи романҳои «Хазони умри Одамхудо» («Осень Патриарха»), «Муҳаббат ҳангоми тоун» («Любовь во время чумы») ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, «Сад соли танҳоӣ» («Сто лет одиночества»), қиссаҳои «Ба полковник касе наменависад» («Поковнику никто не пишет»), «Генерал дар лабиринти худ» («Генерал в своем лабиринте») ва бисёр асарҳои дигар мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






