Бардоштҳои илмӣ дар тарозуи илмсанҷӣ

Апрель 3, 2014 15:18

Душанбе,03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Китоби номзади илмҳои педагогӣ  Маҳмадулло Раҷабов «Пажӯҳишшиносӣ дар илмсанҷӣ» зери назари профессор С.Сулаймонӣ дар нашриёти «Ирфон»аз чоп баромад.
Китоб аз ду боб иборат буда, боби аввал дар бораи масъалаҳои корбурди пажӯҳиш: равиш, интихоби мавзӯъ,  суратбандии масъала,  тарҳи муқаддимотӣ,  китобшиносии муқаддимотӣ,  ёддоштбардорӣ,  тарҳи ниҳоӣ, таҳияи дастнавиштаи муқаддимотӣ, понавис,  бознигарии дастнавишта, ҷузъиёти навиштаи таҳқиқӣ,  риояти ахлоқи таҳқиқӣ ва  бахши пайваст, дар боби дувуми китоб масъалаҳои назарии пажӯҳиш, муҳимияти масъалаҳои илмсанҷии педагогӣ,  илмсанҷӣ дар пояи усули ҳисоби интишорӣ, масъалаҳои илмсанҷӣ дар пажӯҳишҳои педагогӣ, омӯзиши ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ дар солҳои 50-70-уми садаи ХХ: тадқиқи илмсанҷӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ, зарурияте ба таҳқиқоти  илмсанҷӣ, роҳнамоии дониш, ҷустуҷӯи илмӣ дар манбаъҳои иттилоотии муосир  баррасӣ гардиданд.
Ба гуфти академик Сафар Сулаймонӣ дар китоб ба масъалаи равиш  ишора  шудааст, ки он қисмате аз огоҳиҳои башариро ба худ мегирад ва аз дониши айнии башар дар бораи падидаҳое, ки ба равиши илмӣ мавриди баррасӣ ва қабул воқеъ гардида, нашъат гирифтааст.
Шинохти равишҳо аз  самтҳои мантиқии андеша ба сурати аслӣ гуфтор карда, мафоҳими асосӣ ва  василаи  ақлонии равишҳоеро, ки барои расидан ба ҳадди лозимӣ заруранд,  таъйин мекунад.
Китоб   роҳнамоест барои расидан бар ин ҳадафи муқаддас, дар таҳқиқу пажӯҳиш ва илмсанҷӣ. 
 
 

Апрель 3, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд