Баргузории мусобиқаи ҷю-ҷитсо дар Восеъ

Апрель 26, 2014 11:15

Восеъ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо ташаббуси Федератсияи ҷю-ҷитсо аввалин маротиба дар толори варзишии маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Султони Кабир»-и ноҳияи Восеъ, мусобиқаи кушод оид ба ин намуди варзиш баргузор гардид. Мусобиқа ду рӯз идома ёфта, дар он варзишгарони навраси шаҳру ноҳияҳо ва клубҳои ҷумҳуриявӣ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд. Дар мусобиқа дастпарварони ноҳияҳои Восею Панҷ ва шаҳри Душанбе аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, бештари медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлобро дарёфт намуданд. Ғолибони мусобиқаи мазкур ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифта, ба дастаи мунтахаб шомил мешаванд.
Раиси  Федератсияи ҷю-ҷитсо дар Точикистон гуфт, ки новобаста ба навташкил будани ин навъи варзиш онҳо бовар доранд, ки  минбаъд ҷавонону наврасони болаёқат дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда, шарафи варзишии мамлакатро ҳимоя мекунанд.

Апрель 26, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик