Баргузории мусобиқаи ҷю-ҷитсо дар Восеъ
Восеъ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо ташаббуси Федератсияи ҷю-ҷитсо аввалин маротиба дар толори варзишии маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Султони Кабир»-и ноҳияи Восеъ, мусобиқаи кушод оид ба ин намуди варзиш баргузор гардид. Мусобиқа ду рӯз идома ёфта, дар он варзишгарони навраси шаҳру ноҳияҳо ва клубҳои ҷумҳуриявӣ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд. Дар мусобиқа дастпарварони ноҳияҳои Восею Панҷ ва шаҳри Душанбе аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, бештари медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлобро дарёфт намуданд. Ғолибони мусобиқаи мазкур ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифта, ба дастаи мунтахаб шомил мешаванд.
Раиси Федератсияи ҷю-ҷитсо дар Точикистон гуфт, ки новобаста ба навташкил будани ин навъи варзиш онҳо бовар доранд, ки минбаъд ҷавонону наврасони болаёқат дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда, шарафи варзишии мамлакатро ҳимоя мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






