Баронессаи бритонӣ аз Тоҷикистон боздид менамояд

Апрель 11, 2014 10:25

    Душанбе, 11.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  «Интизор меравад, ки нимаи дуюми моҳи май раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба масоили Тоҷикистон Баронесса  Вивен Стерн аз Тоҷикистон боздид намояд». Ин матлабро имрӯз Ричард Вуд -муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Олимҷон Салимзода-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот иброз дошт.
    Дипломати бритонӣ Ричард Вуд  гуфт, ки  дар доираи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир баронесса Вивен Стерн  мехоҳад дар Парлумони Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ташкил намояд. Ба ин нишаст намояндагони Парлумон, сохторҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон даъват мешаванд. Ҳадафи асосии нишасти мазкур муаррифии  сохти давлатдорӣ, сиёсат, иқтисодиёт, таъриху фарҳанг ва  зарфияту имкониятҳои Тоҷикистон аст.  Баронесса ҳамчунин ният дорад, дар давоми соли ҷорӣ сафари ду намояндаи Парлумони Британияи Кабир- яке аз ҳизби консервативӣ (Найчел Миллс) ва дигаре аз хизби лейбористиро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир ба Тоҷикистон ташкил намояд,- афзуд Ричард Вуд. 
          Дипломати бритонӣ зикр кард, ки кишвараш ҳамеша омода аст, ки бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳои густурда дошта бошад. 
       «Мо ҳамеша аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоӣ ва баланд гардидани нуфузи ин кишвар  дар арсаи байналмилалӣ ҳастем», афзуд Ричард Вуд.

Апрель 11, 2014 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик