Баронессаи бритонӣ аз Тоҷикистон боздид менамояд
Душанбе, 11.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Интизор меравад, ки нимаи дуюми моҳи май раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба масоили Тоҷикистон Баронесса Вивен Стерн аз Тоҷикистон боздид намояд». Ин матлабро имрӯз Ричард Вуд -муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Олимҷон Салимзода-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот иброз дошт.
Дипломати бритонӣ Ричард Вуд гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир баронесса Вивен Стерн мехоҳад дар Парлумони Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ташкил намояд. Ба ин нишаст намояндагони Парлумон, сохторҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон даъват мешаванд. Ҳадафи асосии нишасти мазкур муаррифии сохти давлатдорӣ, сиёсат, иқтисодиёт, таъриху фарҳанг ва зарфияту имкониятҳои Тоҷикистон аст. Баронесса ҳамчунин ният дорад, дар давоми соли ҷорӣ сафари ду намояндаи Парлумони Британияи Кабир- яке аз ҳизби консервативӣ (Найчел Миллс) ва дигаре аз хизби лейбористиро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир ба Тоҷикистон ташкил намояд,- афзуд Ричард Вуд.
Дипломати бритонӣ зикр кард, ки кишвараш ҳамеша омода аст, ки бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳои густурда дошта бошад.
«Мо ҳамеша аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоӣ ва баланд гардидани нуфузи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ҳастем», афзуд Ричард Вуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






