Баррасии қонуни санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Душанбе, 09.03.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).-Ҷаласаи панҷуми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Аз маркази маибуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа натиҷаҳои тадқиқот оид ба иҷрои Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», ки дар асоси омӯзиши фикрҳои соҳибкорон ва санҷишгарон аз ҷониби мушовирони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки тадқиқоти гузаронидашуда нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ маротибаҳои зиёд мавриди санҷиши мақомоти давлатии санҷишӣ қарор мегиранд. Дар бисёре аз ҳолатҳо талаботи қонуни амалкунанда аз ҷониби мақомоти санҷишӣ риоя намегардад, ки ин боиси халалдор гардидани иҷрои талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мегардад. Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонун натиҷаҳои тадқиқоти мазкур аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ ба инобат гирифта шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






