Баррасии авзои сиёсии минтақа миёни Ш. Зуҳуров ва К. Ҷакупов

Апрель 17, 2014 14:00

 

Душанбе, 17. 04. 2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербург раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз,  17 апрел бо раиси Парлумони Қазоқистон Кабибулла Ҷакупов мулоқот намуд. Дар мулоқот раисони парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ, авзои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуданд. 
Инчунин Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳонаш дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок карда, сухан гуфтанд. Ҳамзамон ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар маросими ифтитоҳи  намоишгоҳ, ки  ба ифтихори 200-солагии шоир ва нависандаи маъруфи украинӣ -Тарас Шевченко созмон дода шуда буд,  иштирок намуд.

 

Апрель 17, 2014 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе