Баррасии авзои сиёсии минтақа миёни Ш. Зуҳуров ва К. Ҷакупов
Душанбе, 17. 04. 2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербург раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 17 апрел бо раиси Парлумони Қазоқистон Кабибулла Ҷакупов мулоқот намуд. Дар мулоқот раисони парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ, авзои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуданд.
Инчунин Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳонаш дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок карда, сухан гуфтанд. Ҳамзамон ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, ки ба ифтихори 200-солагии шоир ва нависандаи маъруфи украинӣ -Тарас Шевченко созмон дода шуда буд, иштирок намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






