Баррасии бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон

Апрель 30, 2014 15:39

 
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1-2 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурӯҳи махсуси ҳамоҳангсоз доир ба Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон иштирок намуда, масоили марбут ба бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро баррасӣ намоянд. 
Ёдовар мешавем, ки  дар доираи баргузории Иди байналмилалии Наврӯз, ки моҳи марти соли 2013 дар Ашқобод ба таври васеъ бо иштироки президентҳои 10 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид, Ёддошти сеҷониба оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Туркманистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани “Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон” ба имзо расид. Амалисозии лоиҳаи мазкур, ки ба бунёди шоҳроҳи нави оҳан равона гардидаст, зинаи муҳиме дар рушди соҳаи нақлиёти байналмилалии кишварҳои минтақаи Осиё ба ҳисоб меравад.
5 июни соли 2013 дар шаҳри Туркманободи вилояти Лебапи Туркманистон маросими расмии оғози сохтмони роҳи оҳани “Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон” доир гардид.
 
 
 
 
 

Апрель 30, 2014 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?