Баррасии бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1-2 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурӯҳи махсуси ҳамоҳангсоз доир ба Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон иштирок намуда, масоили марбут ба бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории Иди байналмилалии Наврӯз, ки моҳи марти соли 2013 дар Ашқобод ба таври васеъ бо иштироки президентҳои 10 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид, Ёддошти сеҷониба оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Туркманистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани “Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон” ба имзо расид. Амалисозии лоиҳаи мазкур, ки ба бунёди шоҳроҳи нави оҳан равона гардидаст, зинаи муҳиме дар рушди соҳаи нақлиёти байналмилалии кишварҳои минтақаи Осиё ба ҳисоб меравад.
5 июни соли 2013 дар шаҳри Туркманободи вилояти Лебапи Туркманистон маросими расмии оғози сохтмони роҳи оҳани “Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон” доир гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






