Баррасии дурнамои самти иқтисодии Роҳи бузурги абрешим

Апрель 21, 2014 10:42

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Ҷаласаи мансабдорони калон ва ҳамоҳангсозони бонкҳои аъзои Итттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай (ИБ СҲШ) бо ибтикори Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун Бонки раисикунанда 17-18-уми апрел дар Душанбе баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳо бо котиботи СҲШ ва институтҳои молиявии давлатҳои узви он, фаъол гардонидани ҳамкориҳо бо Шӯрои корӣ ва нақшаи чорабинӣ оид ба ташкил ва дастгирии самти иқтисодии Роҳи бузурги абрешим дар доираи ИБ СҲШ, ки бо чанд пешниҳод ва тағйирот марбут ба самти иқтисодии Роҳи бузурги абрешим дар доираи ИБСҲШ бо розигии ҳамоҳангсозон барои имзо омода гардидааст, муҳокима ва баррасӣ шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки 26-уми октябри соли сипаришуда Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун Бонки раисикунандаи ҷаласаи навбатии Иттиҳоди мазкур барои солҳои 2013-2014 таъйин шуд.

Апрель 21, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш