Баррасии масъалаҳои захираҳои обӣ дар АИТ
Душанбе, 1.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз, гуруҳи кории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба мустаҳкам намудани барномаҳои моделсозии идораи интегронидашудаи захираҳои обӣ бо раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили захираи обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, дар вохӯрии мазкур Марта Ярошевич, машовир оид ба захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, Фарзона Муҳиддинова, таҳлилгар оид ба барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ, Сайидмуҳаммад Одинаев, ноиби президенти АИТ, Зайнулобиддин Кобулиев, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Т ва Маҷид Гулаёзов, сардори шуъбаи алоқаҳои байналмилалии АИТ иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат Марта Ярошевич гуфт, ки дар Душанбе доир намудани вохӯриҳо бо масъулини соҳа, барои оғоз намудани корҳо оид ба чорабинии сеюми нақшавӣ дар чорчӯбаи «Харитаи роҳӣ»- барои мустаҳкам намудани таҳлили идораи интегронидашудаи захираҳои обӣ, ки аз ҳисоби Барномаи рушди захираҳои энергетикӣ ва обии Осиёи марказӣ маблағгузорӣ мешавад ва бо ин роҳ мустаҳкам намудани иқтидори барномаи лоиҳасозии идораи интегронидашудаи захираҳои обӣ (ЛИИЗО) мебошад».
Дар ҷараёни вохӯрии мазкур асосан ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда баррасӣ гардиданд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






