Баррасии масоили ҷаҳонӣ миёни Ш. Мирзо ва С. Шойгу
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо 1 апрели соли 2014 бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия генерали артиш Сергей Шойгу, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омада буд, мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Сергей Шойгу ба Шералӣ Мирзо барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон арзи сипос карда, оид ба муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар доираи низомӣ изҳори андеша кард. Дар вохӯрӣ инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахши низомии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, омодакунии кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ ва дигар санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ки дар сатҳи сарони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла бехатарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ сурат гирифт.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






