Баррасии масоили ҷаҳонӣ миёни Ш. Мирзо ва С. Шойгу

Апрель 3, 2014 10:36

Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо 1 апрели соли 2014 бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия генерали артиш Сергей Шойгу, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон  омада буд, мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
 Сергей Шойгу ба Шералӣ Мирзо барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон арзи сипос карда, оид ба муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар доираи низомӣ изҳори андеша кард. Дар вохӯрӣ инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахши низомии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, омодакунии кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ ва дигар санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ки дар сатҳи сарони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, изҳори қаноатмандӣ  шуд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла бехатарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ сурат гирифт.

Апрель 3, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд