Баррасии масоили мулоқоти котибони Шӯрои амнияти СҲШ
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 15 апрел дар Душанбе ҷаласаи коршиносон оид ба омодагии вохӯрии нуҳуми котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон дар симои муовини Шӯрои амнияти Тоҷикистон Давлаталӣ Ҷумаев ва як қатор намояндагони Шӯроҳои амнияти Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар сухани шодбошии худ Давлаталӣ Ҷумаев қайд намуд, ки СҲШ кафолати боэътимоди нигоҳдошти сулҳ ва пойдорӣ дар минтақа мебошад.
«Мо аз ҷониби худ омодаем амалиётҳои муштаракро бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили наздисарҳадиро идома диҳем, гуфт муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сипас ҷонибҳо рӯзномаи маҷлис ва доираи масоилро, ки дар ҷаласаи нӯҳуми котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ карор мегиранд, баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






