Бартарафкунии хисороти офати табиӣ дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов). — Бар асари бориши зиёд ва омадани сел дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ як нафар дар дами сел монда, ба ҳалокат расид ва 84 нафари дигар бесарпаноҳ монданд. Офати табиӣ ба хоҷагии халқи деҳаҳои Меҳвар, Оби шӯр ва Чордара хисороти зиёд ворид кард.
Ҳукумати ноҳия бо сардории раиси ноҳия Қодир Валиев баҳри бартараф намудани офати табиӣ комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода, ба оилаҳои зарардида сари вақт кӯмаки моддӣ ва иктисодӣ расониданд. Дар айни замон дар ин мавзеъ бо дастгирии кормандони муассисаҳо ва соҳибкорони ноҳия зиёда аз 25 техникаи таъмиркунӣ кор карда истодааст ва то ба имрӯз зиёда аз 3 км соҳили селгузар маҳкам шудааст. Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар 10 тонна сӯзишвории дизелӣ фиристода шуд. Ҳукумати ноҳия бо дастгирии соҳибкорони ноҳия ба шахрвандони бесарпаноҳмонда барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ кумаки худро мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






