Бартарафкунии хисороти офати табиӣ дар Ҳамадонӣ

Апрель 22, 2014 09:28

Ҳамадонӣ, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Фарҳод Мадаминов).  — Бар асари бориши зиёд ва омадани сел дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ як нафар дар дами сел монда, ба ҳалокат расид ва  84 нафари дигар бесарпаноҳ монданд. Офати табиӣ  ба хоҷагии халқи деҳаҳои Меҳвар, Оби шӯр ва Чордара  хисороти зиёд ворид кард. 
Ҳукумати ноҳия бо сардории раиси ноҳия Қодир Валиев баҳри бартараф намудани офати табиӣ комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода, ба  оилаҳои зарардида сари вақт кӯмаки моддӣ ва иктисодӣ расониданд. Дар айни замон дар ин мавзеъ бо дастгирии кормандони муассисаҳо ва соҳибкорони ноҳия зиёда аз 25 техникаи таъмиркунӣ кор карда истодааст ва то ба имрӯз зиёда аз 3 км соҳили селгузар маҳкам  шудааст. Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар 10 тонна сӯзишвории дизелӣ  фиристода шуд.   Ҳукумати ноҳия бо дастгирии соҳибкорони   ноҳия ба шахрвандони бесарпаноҳмонда барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ кумаки худро мерасонад.

Апрель 22, 2014 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш