Беҳтарин полисменҳои Душанбе
Душанбе, 22.04.2014.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидзода).-Се нафар аз нозирони минтақавӣ дар пойтахт зимни ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Инҳо Муродмад Калонов- подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 /ВКД/ дар ноҳияи Синои пойтахт ғолиби зинаи аввали озмун, Ҳокималӣ Маҳмудов-майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҷои дуюм, Саидмуҳаммад Акобиров — лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби зинаи сеюми озмун мебошанд.
Ба ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин нозири минтақавии сол” Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни маҷлиси тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт доир гардид, дар баробари супоридани Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин ба ғолиби зинаи аввал 15 000 сомонӣ, ғолиби зинаи дуюм 12 000 сомонӣ ва ба ғолиби ҷои сеюм 10 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими робитаи онҳо бо ҷомеа гузаронида шуд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






