Беҳтарин полисменҳои Душанбе

Апрель 22, 2014 11:42

 
              Душанбе, 22.04.2014.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидзода).-Се нафар аз нозирони минтақавӣ дар пойтахт зимни ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Инҳо Муродмад Калонов- подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2  /ВКД/ дар ноҳияи Синои пойтахт ғолиби зинаи аввали озмун,  Ҳокималӣ Маҳмудов-майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҷои дуюм,  Саидмуҳаммад Акобиров — лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби зинаи сеюми озмун мебошанд.
           Ба ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин нозири минтақавии сол” Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни маҷлиси тантанавӣ, ки  ба ифтихори Рӯзи пойтахт доир гардид, дар баробари супоридани Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин  ба ғолиби зинаи аввал 15 000 сомонӣ, ғолиби зинаи дуюм 12 000 сомонӣ ва ба ғолиби  ҷои сеюм 10 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
         Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии  милитсия дар  таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  амнияти шаҳрвандон, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ  ва таҳкими робитаи онҳо бо ҷомеа гузаронида шуд.
 

Апрель 22, 2014 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид