Беҳтарин роҳи тарғиби китоб
Душанбе, 4.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар ноҳияи Шаҳринав ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Нахуст хонандагони мактабҳо намунаи гулдӯзиҳо, намоиши китобҳо ва ихтироъҳои худро манзури меҳмонон ва тамошобинон намуда. аз эҷодиёти шоири маъруф Ғаффор Мирзо шеърҳо қироат карда, сурудҳои дилнишинро манзури ҳозирин намуданд.
Дар назди аҳли ҷамъомад шоирон Зулфия Атоӣ, Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Маҳбуба Неъматзода, Хосият Вализода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Салоҳиддини Садриддин, Мардонқул Ашӯров шеърҳо қироат карданд. Сарвари Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар, ҳамзамон директори фестивали мазкур Қурбоналӣ Афғонов гуфт: «Ҳадафи асосии фестивал тарғибу ташвиқи китоб, ҷой кардани меҳри китоб дар дили кӯчаки насли наврас, пайдо кардани истеъдодҳои нави эҷодгар ва мустаҳкам кардани муҳити эҷодӣ дар кулли манотиқи ҷумҳурист».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






