Беэҳтиётии ронандагон — боиси ҳалокати шаҳрвандон
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ронандаи мошини тамғаи «Opel — Astra», сокини 27 — солаи ноҳияи Бохтар Шодимурод Исоев ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Қурғонтеппа ба самти терминали мусофиркашонии Сафар-К, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 7-сола, сокини ҳамин ноҳия Шабнам Муродоваро пахш намуд.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин сарчашма хабар медиҳад, ки ронандаи мошини тамғаи «Toyota-Land-Crulser», шаҳрванди 44-солаи пойтахт Бахтиёр Абдураҳимов, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 26-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа кардааст.
Дар натиҷа ронанда Б.Абдураҳимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири мошини мазкур сокини 54- солаи ноҳияи Рӯдакӣ, Сафар Хайриддинов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






