Беш аз 110 миллиард сомонӣ барои рушди минтақаҳо
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати минтақавӣ ба масъалаи рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар давраи истиқлолият бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Мо ният дорем, ки дар 7 соли оянда барои рушди минтақаҳои мамлакат беш аз 110 миллиард сомонӣ равона намоем.
То имрӯз барномаҳои рушди танҳо 33 шаҳру ноҳияҳо таҳия ва қабул шудаанд. Зарур аст, ки дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои татбиқи сиёсати рушди деҳот ва дар оянда дар асоси иқтидору имкониятҳои маҳаллӣ тараққӣ додани шаҳру ноҳияҳо барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоиро таҳия намоянд,-афзуд Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кор дар бобати устувор гардонидани имкониятҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо мақомоти марказии идоракунӣ минбаъд низ идома ёфта, ба такмили инфрасохтори шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозиву обрасонӣ, фарҳангу варзиш, инчунин бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ афзалият дода мешавад.
Э.Раҳмон иброз намуд, ки дар баробари ин, масъулияти роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҷалби сармоя, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, назорат дар ин самт ҷоннок мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






