Боздиди дипломати туркман аз Ҷамъияти дӯстӣ
Душанбе, 8.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳадафи ягонаи мо тақвияти дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқу миллатҳои гуногуни маскуни Тоҷикистон буда, дар самти амалисозии ин ҳадаф мо Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Туркманистон»-ро таъсис додаем, ки ба ҳайати он олимон ва донишмандони тоҷик шомиланд». Ин матлабро Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар мулоқот бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқулӣ Аманлиев зикр намуд. С. Хайруллоев ба сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар, хусусан дар самти равобити илмию фарҳангӣ баҳои баланд дод. Зикр гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон 25 000 туркман кору зиндагӣ мекунад, ки бештари онҳо дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Қубодиён сукунат доранд. Онҳо дар радифи дигар ақаллиятҳои миллӣ дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон саҳм доранд. Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Туркманистон» Саидмуҳаммад Одинаев, узви раёсати он нависанда Ато Ҳамдам ва дигар аъзои ҷамъият доир ба таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон табодули назар намуданд.Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ва Туркманистон олимон ва муҳаққиқони шинохтае ҳастанд, ки дар бораи фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои мардумони кишвари худ таҳқиқоти пурарзиш анҷом додаанд. Аз ин рӯ ташкил намудани барномаҳои сафарӣ барои чунин олимон ба кишварҳои якдигар ва иштироки онҳо дар конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ ба манфиати кор хоҳад буд.Дар фарҷоми мулоқот дипломати туркман- Ишанқулӣ Аманлиев ба раванди муносиботи Душанбеву Ашқобод баҳои баланд дода гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон саъй менамояд, ки робитаҳои ду кишвар беш аз пеш густариш ёбанд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






