Боздиди Н.Саидов аз вилояти Суғд
Душанбе 7.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ҳафтаи сипарӣ дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд аз бинои нави раёсати маорифи вилоят, воқеъ дар кӯчаи Шарқи маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Ба иттилои Раёсати маорифи вилоят зимни азназаргузаронии бино ва мулоқот бо кормандони раёсати маорифи вилоят вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов сифати таъмир ва шароити кориро дар бинои нав хуб арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бино пурра таъмиру барқарор ва таҷҳизонида шуда, раёсати маорифи вилоят аз охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар ин бино ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






