Боздиди намояндагони Сафорати ИМА аз МОИ «Суғд»

Апрель 11, 2014 11:20

Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло  Тоирӣ). – 9  апрел намояндагони Сафорати  ИМА  дар  Тоҷикистон  Эрик  А. Салзман,  муовини роҳбари  шуъбаи   сиёсат  ва  иқтисод  Грэҳам Визговски  аз  Минтақаи  озоди иқтисодии  «Суғд»  дидор  намуданд, ки  мақсад  аз  он  шиносоӣ  бо  фаъолияти  минтақаи  мазкур  ва  ҷустуҷӯи  роҳҳои  барқарор  намудани робитаҳо  ба  манзури  ҳамкории   дуҷониба  буд. 
Роҳбари  маъмурияти  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  Фирдавс  Олимов  ба  меҳмонон аз  фаъолияти  минтақа  нақл  карда,  шароити  имтиёзнокеро, ки   барои  роҳандозии соҳибкорию  тиҷорат  дар  ҳудуди Минтақаи  озоди  иқтисодӣ   фароҳам оварда шудааст,  ба таври  махсус  қайд  намуд. Мавсуф  ҳамчунин  аз  фаъолияти  ниҳодҳои  тиҷоратӣ,  ҳамчунин  нишондодҳои  ҳаҷми  тавлиди  маҳсулот  ва хидматрасонии  сохторҳои Минтақаи  озоди  иқтисодӣ муфассал  нақл  кард. 
Дар  ҷараёни  мулоқот  Эрик А.Салзман ба  масоили  расмиятҳои  гумрукӣ,  шартҳои  воридоту  содироти  маҳсулот ва  ашёи  хом  дар  ҳошияи  низоми Минтақаи  озоди  иқтисодӣ ва  ҷараёни  бақайдгирии  ниҳодҳо  мароқ  зоҳир  намуд.
Меҳмонон  ҳамчунин   аз  корхонаи  «Силкоат Бойя» дидан  карда,  дар  ҷараёни он  Эрик  А.Салзман  бо роҳбарият  ва  кормандони  корхона   шахсан  сӯҳбат  намуд. 

Апрель 11, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик