Боздиди намояндагони Сафорати ИМА аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). – 9 апрел намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Эрик А. Салзман, муовини роҳбари шуъбаи сиёсат ва иқтисод Грэҳам Визговски аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дидор намуданд, ки мақсад аз он шиносоӣ бо фаъолияти минтақаи мазкур ва ҷустуҷӯи роҳҳои барқарор намудани робитаҳо ба манзури ҳамкории дуҷониба буд.
Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Фирдавс Олимов ба меҳмонон аз фаъолияти минтақа нақл карда, шароити имтиёзнокеро, ки барои роҳандозии соҳибкорию тиҷорат дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст, ба таври махсус қайд намуд. Мавсуф ҳамчунин аз фаъолияти ниҳодҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин нишондодҳои ҳаҷми тавлиди маҳсулот ва хидматрасонии сохторҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ муфассал нақл кард.
Дар ҷараёни мулоқот Эрик А.Салзман ба масоили расмиятҳои гумрукӣ, шартҳои воридоту содироти маҳсулот ва ашёи хом дар ҳошияи низоми Минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҷараёни бақайдгирии ниҳодҳо мароқ зоҳир намуд.
Меҳмонон ҳамчунин аз корхонаи «Силкоат Бойя» дидан карда, дар ҷараёни он Эрик А.Салзман бо роҳбарият ва кормандони корхона шахсан сӯҳбат намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






