Боздиди намояндаи Палатаи савдои Швейтсария аз МОИ Суғд

Апрель 2, 2014 14:16

Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар, Абдуаҳад  Шарифзода ). —  Аъзои  раёсати  Палатаи муттаҳиди савдои  Швейтсария – Русия – ИДМ  Юрий  Морару  аз  минтақаи  озоди  иқтисодии  Суғд  боздид  намуд. 
Мақсад  аз  боздид  шиносоӣ  бо  муҳити  тиҷоратии  Тоҷикистон  ва  рушди  имконпазири  равобити  байни  тоҷирону  соҳибкорон  ва  муносибатҳои  байни  намояндагони  аҳли  тиҷорати  Швейтсария  ва  Тоҷикистон  аст. 
Роҳбари  маъмурият  Ф.Олимов   меҳмонро бо  фаъолияти  минтақаи  озоди  иқтисодии  Суғд  шинос  карда,  шартҳои  имтиёзноки  пешбурди  тиҷорат  дар  ҳудуди  минтақаи  озоди  иқтисодӣ,  ҳамчунин  фаъолияти   муштараки  корхона  ва  кишварҳои  дигарро  қайд  намуд.  Ф.Олимов  ҳамчунин  дар   бораи  бунёди  шохаи  роҳи  оҳани  Спитамен  ва  Минтақаи  озоди  иқтисодии Суғд  ва  ғайра  муфассал  нақл  кард.
Юрий  Морару  дар  навбати  худ  изҳор  дошт, ки  Палатаи  муттаҳиди  савдои  Швейтсария – Русия – ИДМ  созмони  асосии  ғайриҳукуматии  Швейтсария  буда,  ба  рушти  муносибатҳои  дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодии  байни  Швейтсария,  Русия  ва   кишварҳои дигари  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  мусоидат  мекунад. Ширкатҳои  соҳаҳои  мухталифи  саноат,  молия,  савдо  ва бахшҳои  дигар  аъзои  палата  мебошанд.
Дар  ҷараёни  мулоқот ҳамчунин  самтҳои  ҳамкории   дарозмуддати  дуҷониба   мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.

Апрель 2, 2014 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад