Боздиди намояндаи Палатаи савдои Швейтсария аз МОИ Суғд
Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар, Абдуаҳад Шарифзода ). — Аъзои раёсати Палатаи муттаҳиди савдои Швейтсария – Русия – ИДМ Юрий Морару аз минтақаи озоди иқтисодии Суғд боздид намуд.
Мақсад аз боздид шиносоӣ бо муҳити тиҷоратии Тоҷикистон ва рушди имконпазири равобити байни тоҷирону соҳибкорон ва муносибатҳои байни намояндагони аҳли тиҷорати Швейтсария ва Тоҷикистон аст.
Роҳбари маъмурият Ф.Олимов меҳмонро бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд шинос карда, шартҳои имтиёзноки пешбурди тиҷорат дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчунин фаъолияти муштараки корхона ва кишварҳои дигарро қайд намуд. Ф.Олимов ҳамчунин дар бораи бунёди шохаи роҳи оҳани Спитамен ва Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва ғайра муфассал нақл кард.
Юрий Морару дар навбати худ изҳор дошт, ки Палатаи муттаҳиди савдои Швейтсария – Русия – ИДМ созмони асосии ғайриҳукуматии Швейтсария буда, ба рушти муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии байни Швейтсария, Русия ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат мекунад. Ширкатҳои соҳаҳои мухталифи саноат, молия, савдо ва бахшҳои дигар аъзои палата мебошанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин самтҳои ҳамкории дарозмуддати дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






