Боздиди Сафири Русия аз АИ ҶТ
Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). – Имрӯз президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимов бо Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилоои котиби матбуоти Академияи илмҳои ҶТ Саёҳат Иброҳимова, сафир дар ҷараёни мулоқот аҳамияти хосаи ҳамкории байни Тоҷикистону Русия дар бахши илму маорифро қайд намуд.
Зикр шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифи байни ҳар ду кишвар беш аз 100 созишнома имзо шуда, дар давоми се моҳи охир 40 нафар олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон барои иштирок дар чорабиниҳои мухталиф ва конфронсҳои илмӣ ба Русия фиристода шуданд.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимов, проблемаи асосии Академияи илмҳои кишвар асосан иборат аз куҳансолии кадрҳо ва кифоят накардани олимони ҷавон аст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Академияи илмҳои ҶТ 300 рисола барои дифоъ таҳия шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






