Боздиди Сафири Русия аз АИ ҶТ

Апрель 9, 2014 15:14

Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Фарзона  Достонзода). – Имрӯз президенти  Академияи  илмҳои  ҶТ  Фарҳод  Раҳимов  бо  Сафири  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор  Лякин – Фролов мулоқот  анҷом  дод. 
Назар ба  иттилоои  котиби  матбуоти  Академияи  илмҳои  ҶТ  Саёҳат  Иброҳимова,  сафир  дар  ҷараёни  мулоқот  аҳамияти  хосаи  ҳамкории  байни  Тоҷикистону  Русия  дар  бахши  илму  маорифро  қайд  намуд. 
Зикр  шуд, ки  тайи  солҳои  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  илму  маорифи  байни  ҳар  ду  кишвар   беш  аз  100  созишнома   имзо  шуда,  дар  давоми  се  моҳи  охир  40  нафар  олимони Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  барои  иштирок  дар  чорабиниҳои  мухталиф  ва  конфронсҳои  илмӣ  ба  Русия  фиристода  шуданд.
Ба  гуфтаи Фарҳод  Раҳимов,  проблемаи  асосии  Академияи  илмҳои  кишвар  асосан  иборат  аз  куҳансолии  кадрҳо  ва  кифоят  накардани  олимони  ҷавон  аст. 
Қобили  зикр  аст, ки   имрӯз  дар  Академияи  илмҳои  ҶТ  300  рисола  барои  дифоъ  таҳия  шудааст.
 

Апрель 9, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш