Боздошти Адолатов дар ноҳияи Ванҷ
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»). -Рӯзи 14-уми апрели соли равон аз тарафи кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ноҳияи Ванҷ шаҳрванд Адолатов Саодатшо Зиёратшоевич (соли таваллудаш 1973), истиқоматкунандаи деҳаи Мотравн, ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ миёни ҳамдеҳагонаш боздошт гардид. C.Адолатов бо он гумонбар дониста мешавад, ки дар деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоати Язгулом чандин маротиба ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба миён овардааст. Нисбат ба амалҳои ғайриқонунии С.Адолатов зиёда аз 30 нафар сокинони минтақаҳои мазкур бо шикоят ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат намудааст.Ташхиси пешакии мутахассисони соҳаи диншиносӣ дар робита ба мазмун ва мундараҷаи аризаи дастаҷамъона ва баёноти сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоати Язгулом нишон додааст, ки дар ҳаракатҳои С.З.Адолатов барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин дида мешавад.Бинобар ин, нисбат ба Адолатов С.З. бо аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






