Боздошти шаҳрвандони афғон бо зиёда аз 36 кг ҳашиш

Апрель 28, 2014 11:53

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадддири ВКД, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саидикром Валади Саидислом, соли таваллудаш 1975 ва Хайрмаҳмад Муҳаммад Мӯсо, соли таваллудаш 1982, сокинони вилояти Қундуз дастгир шуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 36 кг 006 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. 
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Тибқи иттилои сарчашма нисбат ба ҳодисаи мазкур парвадаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  
 
 
 

Апрель 28, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад