Бозидиди Қ.Расулзода аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2
Душанбе, 24.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи энергетика ба таври муфассал таҳлил гардида, вобастагии рушди босуботи ин соҳа ва таъмини аҳолии мамлакат бо барқу гармӣ, аз барқарор намудани неругоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва технологияи каммасрафи барқӣ махсус таъкид шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олӣ имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дидан намуда, бо вазъи кори имрўзаи он аз наздик шинос шуд.
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки навбати аввали ин марказ бо иқтидори 50 мегаватт соли сипаригардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар айни замон корҳои сохтмонӣ барои ба истифода додани навбати дуюм бо маром идома доранд. Бояд таъкид кард, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати мамлакат вазифадор шудааст, ки дар се соли оянда барои таъмини пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ ва ба 400 мегаватт расонидани иқтидори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 тадбирҳо андешида, дар соли ҷорӣ барои пурра ба кор андохтани навбати дуюми маркази мазкур бо иқтидори 100 мегавват ҷораҷўйӣ намояд. Зимни боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо марҳилаи корҳои сохтмонию омодасозии иншооти барқу гармидиҳӣ, ки барои мавриди истифода қарор додани навбати дуюми марказ пешбинӣ шудаанд, шинос гардид. Тавре ки маълум гардид, дар айни ҳол корҳои насбу таҷҳизонидани нуқтаҳои гармидиҳӣ, қубурҳои интиқоли оби гарм ва омодасозии агрегати дуюми марказ бо иқтидори 50 мегаватт идома дошта, дар давоми соли ҷорӣ татбиқи нақшаи бо иқтидори 100 мегаватт ба кор андохтани маркази барқу гармидиҳӣ таъмин карда хоҳад шуд.
Сарвазири мамлакат масъулини соҳаро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муҳлатҳои пешбинишуда босифат иҷро намудани корҳои сохтмонӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии мутахассисони маҳаллӣ, ки ба корҳои идоракунию сохтмонии марказ ҷалб шудаанд, вазифадор намуд.
Ҳамчунин зимни боздид ба масъалаи таъмини фаъолияти мунтазами марказ дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода, махсусан таъмини шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонии вобаста ба хобонидани қубурҳои оби гарм ва нуқтаҳои гармидиҳӣ, пайваст намудани маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1, захираи кофии ангиштсанг барои фаъолияти шабонарӯзии марказ, таъмиру бозсозии роҳҳои мошингарди атрофи иншоот ва тақвияти корҳои беҳдоштии ҳифзи муҳити зист мароқ зоҳир карда шуд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






