Бозпас гирифтани иҷозатнома ва шаҳодатнома

Апрель 18, 2014 14:56

 Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 17 апрели соли равон бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар буданашон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти қарзии хурди “Субҳи Урметан” ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди “Ҳафт Ганҷ”-ро бозхонд намуд ва дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият ва фонди мазкур ба суд аризаҳо пешниҳод шуданд. 
   Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи ин қарорҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ  мешавад. 
 

Апрель 18, 2014 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе