Бозпас гирифтани иҷозатнома ва шаҳодатнома
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 17 апрели соли равон бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар буданашон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти қарзии хурди “Субҳи Урметан” ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди “Ҳафт Ганҷ”-ро бозхонд намуд ва дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият ва фонди мазкур ба суд аризаҳо пешниҳод шуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи ин қарорҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






