Бунёди хатти троллейбус дар Кӯлоб

Апрель 15, 2014 10:06

Кӯлоб, 15.04.2014.( АМИТ «Ховар». Фарҳоди Мадамин).-Дар шаҳри Кӯлоб муаррифии лоиҳаи бунёди хатти троллейбус баргузор гардид. Тайи ду рӯз мутахассисони рус ҷиҳати омӯзиши роҳ ва шароити кашидани хаттҳои троллейбус дар шаҳр қарор доштанд. Мавзеъ ҷавобгӯи талабот буда, фақат насби пояҳо, бунёди истгоҳҳои таъмини барқ ва истгоҳҳои троллейбус ё ба истилоҳ депо лозим меояд. Зимни вохӯрӣ бо мутахассисони рус шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор  Раҳмонов аз лоиҳаи мазкур истиқбол карда, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллиро ҷиҳати анҷоми муваффақонаи он иброз дошт. 
Мутобиқ ба лоиҳаи мазкур алъон се хатсайр- Вокзали роҳи оҳан- маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар, маҳаллаи Дӯстӣ- бемористони вилоятӣ ва Вокзали роҳи оҳан — маҳаллаи Борбад бо дарозии 6,2 км фаъол хоҳад шуд. Ҳаҷми умумии хатсайрҳо 20 км-ро ташкил мекунад. Маблағгузори лоиҳа мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб мебошад. 
 
 

Апрель 15, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад