Бунёди хатти троллейбус дар Кӯлоб
Кӯлоб, 15.04.2014.( АМИТ «Ховар». Фарҳоди Мадамин).-Дар шаҳри Кӯлоб муаррифии лоиҳаи бунёди хатти троллейбус баргузор гардид. Тайи ду рӯз мутахассисони рус ҷиҳати омӯзиши роҳ ва шароити кашидани хаттҳои троллейбус дар шаҳр қарор доштанд. Мавзеъ ҷавобгӯи талабот буда, фақат насби пояҳо, бунёди истгоҳҳои таъмини барқ ва истгоҳҳои троллейбус ё ба истилоҳ депо лозим меояд. Зимни вохӯрӣ бо мутахассисони рус шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов аз лоиҳаи мазкур истиқбол карда, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллиро ҷиҳати анҷоми муваффақонаи он иброз дошт.
Мутобиқ ба лоиҳаи мазкур алъон се хатсайр- Вокзали роҳи оҳан- маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар, маҳаллаи Дӯстӣ- бемористони вилоятӣ ва Вокзали роҳи оҳан — маҳаллаи Борбад бо дарозии 6,2 км фаъол хоҳад шуд. Ҳаҷми умумии хатсайрҳо 20 км-ро ташкил мекунад. Маблағгузори лоиҳа мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






