Бунёди зинабоғҳо дар Ховалинг
Кӯлоб, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Мувофиқи нақшаи дурнамо то соли 2015 дар ноҳияи Ховалинг дар майдони 1000 гектар боғҳои нав бунёд мешаванд. Роҳбарияти ноҳия ва раёсати кишоварзӣ барои ниҳолшинонӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинонро ҷалб намудаанд. То имрӯз нақшаи ниҳолшинонӣ барои соли 2014 таъмин шуда, иловатан дар заминҳои бекорхобида ва санглох то охири мавсими ниҳолшинонӣ боғ бунёд хоҳад шуд. Дар ноҳия сол ба сол майдони боғҳои интенсивӣ васеъ мешавад. Ба гуфти мутахассисони соҳа дар ин гуна боғҳо бо хароҷоти кам ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст. Ба гуфти Абдуллохуҷа Ғоибназаров, муовини раиси Ховалинг барои дастрас намудани ҳар як ниҳол аз Фаронса маблағи даҳ доллар масраф мегардад. Ба хотири камхарҷ ва бо роҳи арзон афзоиш додани майдони боғ дар ноҳия ниҳолхона ташкил гардида, мутахассисон парвариши ҳамин гуна ниҳолҳоро роҳандозӣ кардаанд. Кишоварзони дигар ноҳияҳо низ метавонанд аз ин ҷо ниҳол дастрас намуда, боғҳои интенсивӣ бунёд намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои боғкорӣ хеле мусоид мебошад ва бо васеъ намудани майдони боғҳо дар оянда ҳосили зиёд рӯёнидан мумкин аст. Аз ин рӯ роҳбарияти ноҳия бо соҳибкорон сохтмони якчанд сехи коркарди меваю сабзавотро ба нақша гирифтаанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






