Бунёди зинабоғҳо дар Ховалинг

Апрель 22, 2014 14:52

Кӯлоб,  22.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). —  Мувофиқи   нақшаи  дурнамо  то  соли  2015  дар  ноҳияи  Ховалинг  дар  майдони  1000  гектар   боғҳои  нав  бунёд  мешаванд.  Роҳбарияти   ноҳия  ва  раёсати  кишоварзӣ  барои  ниҳолшинонӣ хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва сокинонро  ҷалб   намудаанд. То имрӯз  нақшаи  ниҳолшинонӣ   барои  соли  2014  таъмин   шуда,  иловатан   дар  заминҳои бекорхобида  ва  санглох то охири  мавсими  ниҳолшинонӣ  боғ  бунёд  хоҳад  шуд. Дар ноҳия сол ба  сол  майдони  боғҳои  интенсивӣ  васеъ   мешавад.  Ба  гуфти  мутахассисони  соҳа   дар  ин  гуна  боғҳо  бо  хароҷоти  кам  ҳосили  фаровон  ба даст  овардан  мумкин   аст. Ба  гуфти  Абдуллохуҷа  Ғоибназаров,  муовини  раиси   Ховалинг  барои  дастрас  намудани  ҳар  як  ниҳол  аз  Фаронса  маблағи   даҳ  доллар  масраф  мегардад. Ба  хотири  камхарҷ  ва  бо  роҳи  арзон  афзоиш  додани  майдони  боғ  дар  ноҳия  ниҳолхона  ташкил   гардида, мутахассисон  парвариши  ҳамин   гуна  ниҳолҳоро   роҳандозӣ   кардаанд. Кишоварзони  дигар   ноҳияҳо  низ  метавонанд  аз ин ҷо ниҳол  дастрас   намуда,  боғҳои  интенсивӣ  бунёд намоянд. 
Маврид   ба  ёдоварист, ки   иқлими   ноҳияи  Ховалинг   барои   боғкорӣ  хеле  мусоид  мебошад ва  бо  васеъ   намудани  майдони  боғҳо  дар оянда  ҳосили  зиёд   рӯёнидан мумкин   аст. Аз ин рӯ  роҳбарияти  ноҳия  бо  соҳибкорон  сохтмони  якчанд  сехи   коркарди  меваю  сабзавотро  ба  нақша  гирифтаанд.
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 22, 2014 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш