Дар Душанбе форуми соҳибкории «Чехия – Тоҷикистон» баргузор мешавад
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих ). — Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири Чехия дар Тоҷикистон Гинэк Пэйха мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили вусъати ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар бо назардошти ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земон ба Тоҷикистон, ки бояд дар охири соли ҷорӣ сурат гирад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҳошияи ин сафар доир намудани форуми соҳибкорон ва сохторҳои тиҷоратии Чехия ва Тоҷикистон дар назар аст.
Сафир аз Шариф Саид хоҳиш намуд, ки ба ҳамгироии форуми пешорӯ ва ҷалби соҳибкорони Тоҷикистон ба чорабинии мазкур мусоидат намояд.
Шариф Саид дар навбати худ хоҳиш кард, ки барои боздиди президенти Палатаи савдо ва саноати Чехия аз Тоҷикистон кӯмак карда шавад.
«Чехия Тоҷикистонро шарики доимӣ шумурда ва умедвор аст, ки содироти он ба ҷумҳурӣ ба куллӣ афзоиш меёбад. Мо ҷонибдори рушду густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон мебошем», — гуфт Гинэк Пэйха.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






