Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ бунёд мешавад

Апрель 18, 2014 14:49

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). —  17  апрел  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо президенти  ширкати  сохтмонии   Beijing jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd.  (ҶМЧ ) Сен  Янг  Шенги  гуфтушунид  кард.  Дар  ин  бора  аз  маркази  матбуоти  ПСС  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
Мусоҳибон   дар  ҷараёни   гуфтушунид  масоили   ҳамкории  дуҷониба  дар  мавриди  таҳияи  ҳуҷҷати техникию  иқтисодии  бунёди   намоишгоҳи  байналмилалӣ  дар  шаҳри  Душанберо  мавриди  муҳокима  қарор  доданд. 
Роҳбарияти  ПСС  Тоҷикистон  ва ширкати Beijing jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. – и Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  бо  мақсади такмил  додани инфрасохтори  намоишгоҳи  муосир тасмим  гирифтанд, ки  лоиҳаи бунёди маҷмааи  намоишгоҳи муосир дар пойтахти Тоҷикистонро дар  амал  татбиқ  намоянд.
Шариф  Саид  иброз  дошт, ки   бунёди чунин  маҷмаа  дар  шаҳри  Душанбе бояд барномаи ҷолиби  маблағгузорӣ  дар  бахши тиҷорат  гардад.
Президенти  ширкати  сохтмонии Beijing jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd.   Сен Янг  Шенги пешниҳод  намуд, ки  созишномаи  дуҷониба  дар  бораи  ҳамкорӣ  имзо  намуда,  масоили техникии бунёди намоишгоҳи байналмилалӣ  муфассал  омӯхта шавад.

Апрель 18, 2014 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд