Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ бунёд мешавад
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — 17 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо президенти ширкати сохтмонии Beijing jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. (ҶМЧ ) Сен Янг Шенги гуфтушунид кард. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусоҳибон дар ҷараёни гуфтушунид масоили ҳамкории дуҷониба дар мавриди таҳияи ҳуҷҷати техникию иқтисодии бунёди намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанберо мавриди муҳокима қарор доданд.
Роҳбарияти ПСС Тоҷикистон ва ширкати Beijing jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. – и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади такмил додани инфрасохтори намоишгоҳи муосир тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи бунёди маҷмааи намоишгоҳи муосир дар пойтахти Тоҷикистонро дар амал татбиқ намоянд.
Шариф Саид иброз дошт, ки бунёди чунин маҷмаа дар шаҳри Душанбе бояд барномаи ҷолиби маблағгузорӣ дар бахши тиҷорат гардад.
Президенти ширкати сохтмонии Beijing jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. Сен Янг Шенги пешниҳод намуд, ки созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ имзо намуда, масоили техникии бунёди намоишгоҳи байналмилалӣ муфассал омӯхта шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






