Дар вилояти Хатлон истифодаи нерӯи барқ коҳиш ёфт

Апрель 17, 2014 16:27

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Екатерина  Пасторова). —  Тавре  ки  сардори  «Шабакаи  барқ» — и  шаҳри  Қӯрғонтеппа  Умед  Билолов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар дод,  дар  вилояти  Хатлон  истифодаи  нерӯи  барқ  се  баробар  коҳиш  ёфтааст. 
Мувофиқи  суханони  номбурда,  то  имрӯз  истифодаи  нерӯи  барқ  дар  маркази  маъмурии  вилояти  Хатлон  шаҳри Қӯрғонтеппа  дар  як  шабонарӯз  400  ҳазор  киловатт —  соатро  ташкил  медиҳад. «Қӯрғонтеппа, ки   мақоми  шаҳрро  касб  намудааст,   дар  фасли  зимистон  мувофиқи  реҷа  истифода намудани барқ ба  сокинони  он  дахл  надорад.  Дар  робита  бо  ин,   сокинони  шаҳр дар  як  шабонарӯз  1  миллиону  200  ҳазор  киловатт —  соат  нерӯи  барқро  истифода  менамуданд, ки  дар  ҳоли  ҳозир  ин  нишондиҳанда се  баробар коҳиш  ёфтааст»,  — гуфт  Умед  Билолов. 
«Вақтҳои охир   шаҳри  Қӯрғонтеппа  бо  нерӯи  барқ  муттасил  таъмин  мешуд. Дар  давраи  омодагии  шаҳр ба  фасли  зимистон  дар  ин  ҷо  баробари  40  фоиз трансформаторҳои  иловагӣ  насб  шудаанд, ки  ин  барои   коҳиш  ёфтани  ҳодисаҳои  халалдор  шудани  интиқоли барқро  аз байн  бурд», —  илова  намуд  манбаъ.

Апрель 17, 2014 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик