Дар вилояти Хатлон истифодаи нерӯи барқ коҳиш ёфт
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Тавре ки сардори «Шабакаи барқ» — и шаҳри Қӯрғонтеппа Умед Билолов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар вилояти Хатлон истифодаи нерӯи барқ се баробар коҳиш ёфтааст.
Мувофиқи суханони номбурда, то имрӯз истифодаи нерӯи барқ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа дар як шабонарӯз 400 ҳазор киловатт — соатро ташкил медиҳад. «Қӯрғонтеппа, ки мақоми шаҳрро касб намудааст, дар фасли зимистон мувофиқи реҷа истифода намудани барқ ба сокинони он дахл надорад. Дар робита бо ин, сокинони шаҳр дар як шабонарӯз 1 миллиону 200 ҳазор киловатт — соат нерӯи барқро истифода менамуданд, ки дар ҳоли ҳозир ин нишондиҳанда се баробар коҳиш ёфтааст», — гуфт Умед Билолов.
«Вақтҳои охир шаҳри Қӯрғонтеппа бо нерӯи барқ муттасил таъмин мешуд. Дар давраи омодагии шаҳр ба фасли зимистон дар ин ҷо баробари 40 фоиз трансформаторҳои иловагӣ насб шудаанд, ки ин барои коҳиш ёфтани ҳодисаҳои халалдор шудани интиқоли барқро аз байн бурд», — илова намуд манбаъ.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






