Дархости Ш. Зуҳуров аз Ш. Салимзода

Апрель 30, 2014 16:50

Душанбе, 30.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон  Зуҳуров ба Салимзода Шерхони Одина- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қазияи Умаралӣ Ҳисайнов -вакили Маҷлиси намояндагон дархост ирсол намудааст. 
     Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон  Шукурҷон Зуҳуров аз Салимзода Шерхони Одина дархост намудааст, ки  ҳодисаи латукӯб шудани вакили Маҷлиси намояндагон Умаралӣ Ҳисайнов дар шаҳри Хоруғ аз сӯи  шахсони  номаълумро ҳамаҷониба таҳқиқ намояд.
    Ин дархостро Шукурҷон Зуҳуров баъди суҳбати телефониаш бо Умаралӣ Ҳисайнов ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.
   Алҳол У. Ҳисайнов дар ноҳияи Ванҷ бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронида истодааст.
 

Апрель 30, 2014 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!