Дарёфти ҳашиш аз сокини Ваҳдат
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 42 -солаи шаҳри Ваҳдат Алиҷон Қурбоновро дастгир намуданд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 436 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта аз воситаҳои нашъадори мусодирашуда 51 фоизи онро навъи ҳашиш ташкил дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






