Дарёфти 6 кило маводи нашъадор

Апрель 10, 2014 15:04

Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Ашрафбеков Азиз Нафасбекович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Хоруғ ва Давлатмирзоев Акмал Туйчибекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҳисор дастгир шуданд. Зимни кофтукови шахсӣ аз онҳо 982 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира  шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино-2 бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Тутишоев Фирӯз Зоиршоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ванҷ дастгир  шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 килою 160 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Вазни маводи нашъадори дарёфтшуда дар маҷмӯъ  6 килою 142 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.   
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 10, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе